БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Ваҳдати миллӣ - ин санаи сарнавиштсоз, ки миллату давлати моро аз вартаи ҷангу муноқишаҳои мудҳиши ватансӯз наҷот бахшид.

Миллати тоҷик  аз нигоҳи  таърих миллати сулҳхоҳ ва фарҳангиву  созандае  арзёбӣ   мешавад. Ин миллат мероси гаронбаҳову муқаддас - сулҳу ваҳдатро барои наслҳои оянда боқӣ гузоштааст.Чун медонем ваҳдату ягонагӣ пойдевори ҳастии миллат аст.

Ҳамагон дар ёд дорем, дар оғози соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизамонро  гурӯҳҳои тундгаро, бадхоҳони миллат ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мусалаҳҳона кашиданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки ба вуқӯъ пайваст, боиси ҳалокати даҳҳо  ҳазор зиёӣ ва ашхоси бегуноҳ гардид. Боиси ифтихор аст, ки Ваҳдати миллӣ тоҷикон дар баробари  Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амнияти кишвар, аз ҷумла арзишҳои тақдирсози давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо мебошад. Президенти маҳбуби мо фаъолияти ҷамъиятии худро бо суханони « Сулҳ», «Ваҳдат» ва «Иттиҳод» оғоз кард. Ин беҳуда набуд, дар натиҷаи сиёсати ваҳдатгарои сулҳи деринтизори тоҷик ба даст омад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин амал ҳақиқати таърихӣ ва қаҳрамонӣ буд ва сарфи назар аз бурду бохтҳо, нокомию шодиҳо натиҷаи дилхоҳ ба даст омад. Ваҳдати миллии мо- ваҳдати ҳамаи сокинони Ҷумҳурӣ аст, аз ин рӯ зарур аст, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ин гавҳари ноёбро чун гавҳараки чашми худ эҳтиёт кунем ва дар роҳи ободиву осудагии халқ софдилона хизмат намуда, дар атрофи Пешвои маҳбубамон муттаҳид гардида, обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамонро баланд бардорем.

Бо шарофату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор гардид. Мардуми моро  ин падидаи ҳаётбахш аз вартаи нобудӣ наҷот дод, бо боварии комил ва иродаи қавӣ метавон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон аз имтиҳонҳои сангину мураккаби замон сарбаландона баромаданд. Дар лаҳзаҳои барои  мардум душвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  бо тамоми ҳастӣ дар паҳлуи миллату давлат истода, барои рафъи мушкилоти пешомада, дар ҳама шароит саъю кӯшиши худро дареғ надошт. Имрӯз ҳама қавму миллатҳои маскуни Тоҷикистон аз баракати  Ваҳдати миллӣ дӯстонаю бародарона кору зиндагӣ доранд. Ваҳдати мо дастоварди басо муқаддас аст ва он бо чӣ қадар азобу ҷонбозиҳо насибамон гаштааст.

Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу осоиш зиндагии хушу хуррамро ихтиёр карданд, ки хизматҳои беандозаи роҳбари давлати тоҷикон дар ин самт хеле назаррас ва боиси таҳсину офаринҳост.

Қобили зикр  аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Пешвои миллат,  фаросати азими мардумпарварона, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки дар баҳои ба гарав мондаи ҷон  Ваҳдати миллӣ  ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон таъмин гардид.

Мо шаҳрвандон вазифадорем, ки ваҳдатамонро чун гавҳараки чашм, балки чун ҷони азизамон ҳифз намоем ва бигзор хуршеди сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон ҳамеша нурафшонӣ намояд. Рӯзи   Ваҳдати миллӣ  муборак ҳамватанони азиз!

Воҳидзода Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раис - мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара                                   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg