ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳамагуна бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо усули “Хона ба хона” дар деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Лолазор корҳои оммафаҳмонӣ миёни сокинон гузарониданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъулин оид ба пешгирии хатари коронавирус ва роҳҳои сироятёбии он мулоқот доир намуда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо мо бояд бо як қувваи бузурги пайвастагии якдигарамон ин ваборо паси сар мекунем ва намегузорем то наздикону пайвандони мо мубтало ба ин беморӣ гарданд.