БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДРО ТАЛАБ МЕКУНАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва ҳамчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои бекорхобидаи наздиҳавлигӣ, заминҳои бекорхобидаи президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Гулбоғи шаҳри Кӯлоб корҳои таблиғотиву ташвиқотиро  бо усули "хона ба хона" миёни аҳолӣ роҳандозӣ намуданд.

Зимни  баргузории чорабинӣ масъулин вобаста ба истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус таъкид намуданд, ки имрӯзҳо моро мебояд дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаамонро самаранок истифода барем, то ки буҷаи оилаамонро бо истеҳсоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ғанӣ гардонем.  Ҳамзамон, ба онҳо  барои маълумоти бештар пайдо кардан доир ба масъалаҳои болозикр варақаҳои таблиғотиву ташвиқотӣ 68 адад, ниқобҳои муҳофизатӣ 400 адад дастрас  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg