ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар қатори сокинон ба кашидани хатти оби нӯшокӣ машғул шуданд.
Корҳои ободонӣ дар маҳаллаи ба номи Бобоҷон Ғафуров доир гардида, беш аз 100 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Бояд қайд намуд, ки бахшида ба 30-солагии Истимқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён дошта, дар таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, нерӯи барқ ва сангфарш кардани роҳу кӯчаҳо саҳми худро гузошта истодаанд.