ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ гарчанде, ки ба баъзе мушкилотҳо рӯ бо рӯ гардида бошад ҳам, вале пайваста рушд ёфта, ободу зебо гашта истодааст. Талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми кишвар буда, ин талошу заҳматҳо рӯз то рӯз самараи нек ба бор оварда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои куллӣ дида мешавад.
Пеш аз ҳама таъсиси Артиши миллӣ, сохтмони корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, иншоотҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг, гидроэнергетика, соҳаи тандурустӣ ва дигар сохтмонҳои аҳамияти миллидошта обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошта, ҳамкориҳои дуҷонибаи ҷумҳуриро бо дигар давлатҳо мустаҳкам намуд.
Ҳамаи ин ободиву пешравиҳо маҳз бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Ватани азизи мо аст ва баъзе душманони миллату давлати Тоҷикистон намехоҳанд, ки дар Ватани мо чунин пешравию дастовардҳо бештар бошад ва миллати тоҷик осудаву ором зиндагӣ намояд.
Хоинони миллату давлат бо кумаку дастгириҳои хоҷагони хориҷии худ пайваста тариқи садову симо ва расонаҳои хабарӣ нисбати давлату миллат ва фаъолияти кунунии Ҳукумати мамлакат ҳар гуна овозаву хабарҳои бардурӯғро пахш намуда, мехоҳанд ба вазъи орому осудаи миллати тоҷик халалдор шаванд.
Вале мардуми Тоҷикистон бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ба пахши хабару гузоришҳои бардурӯғ, бемаврид ва беасос нисбати миллату давлат ҷавобҳои асоснок гардонида, бовар накунанд.
Мо бояд ба қадри кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, орзуву омоли миллати тоҷик ва дар амал татбиқ намудани сиёсати оқилона ва одилонаи Сарвари мамлакат кушиш ба харҷ дода, нагузорем, ки ягон нафаре ба оромиву осудагӣ, сулҳу суботи миллати тоҷик ниятҳои нопоки худро амалӣ намояд.
Мо мардуми Тоҷикистон бар зидди душманон ва хоинони давлату миллат бо меҳнати созандаву суботкорона мубориза бурда, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Зеро имрӯзҳо баъзе нохалафони ватанфурӯш аз вазъияти ба вуқӯъомада вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус сӯистифода намуда, мардуми кишварро ба таҳалука оварда истодаанд ва ҳаргуна овозаву хабарҳои беасосро паҳн намуда истодаанд. Аз ин рӯ, ба ҳамватанони дохиливу хориҷӣ муроҷиат намуда, даъват менамоям, ки ба гапу суханони ҳар кас бовар накунанд, ба хабару гузоришҳои расмӣ, ки ҳар рӯз аз ҷониби мақомотҳои дахлдор паҳн карда мешавад, сару кор гиранд.
Ба вазифаҳои хизматии худ содиқона хизмат карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, муҳофизати марзу буми Ватани аҷдодӣ тарбия намоем. Дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошем.
Дилбар Зарифова, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар