БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПӮШИДАНИ НИҚОБ БАРОИ ҲАМА ҲАТМИСТ

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар кӯчаҳои ба номи “Ҷамила Мирзоқодирова” ва “Садриддин Айнӣ”- и шаҳри Бохтар  гурӯҳи корӣ оид ба муқовиммат бо коронавирус фаъолияти  худро идома дода, ҳолати пӯшидани  ниқобҳои тиббиро аз ҷониби сокинон мавриди санҷиш қарор доданд. Зимни санҷиши гурӯҳи корӣ муайян карда шуд, ки қисмате аз сокинон нисбати риояи гигиенаи ҷамъиятӣ, талаботи санитарӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ба саҳлангорӣ роҳ додаанд.  Бо сокиноне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқобҳои тиббӣ гашту гузор мекарданд, суҳбатҳо ороста, гуфта шуд, ки дар асоси қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовиммат бо коронавирус дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ҳатмӣ мебошад.

Дар идома ба сокинон зиёда аз 100 адад ниқобҳои тиббӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар ба тариқи ройгон тақсим карда шуд. Бояд гуфт, ки ба гурӯҳи корӣ намояндагони тамоми сохторҳои шаҳрӣ, аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши занону ҷавонон, кумитаи маҳаллаҳо, ШВКД, беморхонаву сохтори КАТС, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, намояндагони корхонаву хоҷагиҳои коммуналӣ ва дигарон шомил буда, фаъолияташонро ҳаррӯза бар роҳ монда, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Бохтар корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg