БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДРО АЗ ТАЪСИРИ ВИРУСҲО НИГОҲ ДОРЕМ

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Инак, таи ду рӯз мешавад, ки гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби фаъолон дар маҳаллаи Дӯстии халқҳои шаҳри Бохтар миёни омма корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли бемории коронавирус бурда истодаанд. Мақсади асосии баргузории чунин  чорабиниҳо фаҳмонидани хавфу хатари сироятёбӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан КОВИД-19 буда, ба гурӯҳи корӣ намояндагони тамоми сохторҳои марбутаи шаҳр, аз ҷумла намояндагони КАТС ва Беморхонаи марказии шаҳри Бохтар шомил мебошанд. Вохӯриҳо бо усули “рӯ ба рӯ” дар назди биноҳои истиқоматии баландошёна доир шуда, ба омма ба таври муфассал дар бораи бемории коронавирус маълумот дода мешавад. Гуфта  шуд, ки паҳншавӣ ба бемории коронавирус тамоми  давлатҳои сайёраро ба ташвиш овардааст. Бо дар назардошти он ки истифодаи ниқобҳои тиббӣ сироятёбии инсонро ба ин беморӣ кам мекунад, мутахассисони соҳаи тандурустӣ тавсия медиҳанд, ки ҳангоми гашту гузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз он истифода баранд.

Бо дар назардошти ин имрӯз аксари корхонаҳои хурдӣ дӯзандагӣ ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ рӯ овардаанд, ки воридоти онҳоро ба кишвар коҳиш дода, миёни харидорон маҳсулоти ватанӣ мавқеи худро пайдо кардааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg