БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС МАСОФАРО РИОЯ НАМОЕД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва аксияҳои гуногуни ҳизбӣ бо усули "хона ба хона"  таҳти унвони "Масофаро риоя намоед!" пайваста дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб зери чунин тавсияҳо миёни мардум, ҷойҳои ҷамъиятӣ бо иштироки кормандони масъули ҳизби шаҳр ва намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" мунтазам ташкил ва баргузор карда мешавад.

Дирӯз дар маҳаллаи Чапаеви шаҳри Кӯлоб бо дастрасии аҳолӣ ба ниқобҳои муҳофизатӣ 100 адад, варақаҳои иттилоотӣ 80 адад чорабинии ҳизбӣ доир карда шуд. Зимни тақсимот ба сокинон фаҳмонида шуд, ки мову шуморо мебояд, ки аз  ҷойҳои серодам худдорӣ намуда, худ ва наздиконамонро аз ин вабои аср эмин нигоҳ дорем. Чунки саломатии худ, саломатии оила мебошад  саломатии оила саломатии ҷомеа аст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg