КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Солимии миллат - бақои давлат” кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати тавқият бахшидани қоидаҳои ҳатмии беҳдошт вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб корҳои тарғиботӣ гузаронида истодаанд.
Дар рафти мулоқоту вохӯриҳо дар маҳаллаи ба номи Ҷ.Алӣ шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ роҳҳои гузариш ва пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус фаҳмонида шуда, инчунин маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.