КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самаранокии ҳар як ваҷаб замин дар маҳаллаҳои шаҳр корҳои тарғиботӣ гузаронида истодаанд.
Дар ҷараёни боздид аз истифодаи самараноку оқилонаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ бо сокинони маҳаллаи ба номи А.Абдушукурова оид ба дастурҳои ояндабинонаи Сарвари давлат мулоқот намуда, дар бораи вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии вабои аср КОВИД-19, истифодаи оқилонаву самаранокии замин гуфтугузориҳои судманд доир гардид.
Ҳамзамон, ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои иттилоотӣ дастрас гардид.