БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ МУТТАҲИД МЕКУНАД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб, Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Солимии миллат сарвати бебаҳост"-ро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар Маркази савдои бозори "Саховат" маводҳои пешгирикунандаи тавсиявӣ, аз қабили варақаҳои иттилоотӣ 2570 адад ва ниқобҳои муҳофизатӣ 2500 адад аз ҷониби масъулин тақсим ва дастраси фурӯшандагон ва харидорони бозорҳои мазкур карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки  оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус риоя кардани фосилаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ, худдорӣ аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук, бе зарурат нарафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ба кӯча баромадани ашхоси синну солашон аз 65-боло даъват ба амал оварданд.

Зимни баргузории  чорабинӣ ба ҳар як фурӯшанда ва харидорон оид ба пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус  аз ҷониби масъулин корҳои оммафаҳмонӣ бурда шуда, қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд гигиенаи шахсии худро риоя карда, дар ҷойҳои серодам бе заруриат гаштугузор накунанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg