КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи “Солимии миллат-бақои давлат” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб корҳои тарғиботӣ гузаронида истодаанд.
Дар баргузории Аксияи ҳизбӣ оид ба пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус ба сокинони маҳаллаи С.Даминзода дар барои роҳҳои беҳтарини пешгирӣ пеш аз ҳама риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва дуруст истифода намудани ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ хотиррасон намуданд. Дар аксияи мазкур ба сокинон наздикӣ беш аз 360 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои иттилоотӣ дастрас гардид.