
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо намояндагии “Созандагони Ватан” корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб гузаронида истодаанд.
Ин навбат чорабинии ҳизбӣ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб гузаронида шуда, масъулин ба сокинон оид ба риояи ҳатмии беҳдоштӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои серодам пӯшидани ниқоб, риояи масофаи байниҳамдигарӣ, риояи қоидаҳои ҳатмии шахсӣ ва дуруст истифодабарии маҳлулҳои безараргардониро ҳушдор намуданд. Дар баргузории Аксияи мазкур наздики беш аз 330 адад варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас гардид.