Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештарии манфиатҳои миллӣ. Шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар самти кор бо ҷавонон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои кораму бекохобида корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Дар ин хусус, намояндагони ҳизбӣ дар мағоза ва нуқтаҳои хизматрасонӣ баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус КОВИД-19 варақаҳои тавсиявӣ насб намуда, ҳамзамон ба фурӯшандаҳо ва мизоҷон оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, ки ҳам ба худу ва ҳам ба дигарон фоиданок мебошад, суҳбат карданд. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки риояи тозагӣ гарави саломатӣ буда, худу дигаронро аз сироятёбии ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ хоҳад дошт. Бо ин васила шумо метавонед худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед.