Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештарии манфиатҳои миллӣ. Масъулини шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар самти кор бо ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Чунин чорабинии таблиғотӣ бо ронандагон ва мусофирон доир гардида, масъулин зимни суҳбат афзуданд, ки ҳастанд нафароне, ки то ҳанӯз аз сироятёбии бемории короновирус бовар надоранд ва беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Дар кӯчаву роҳрав, мағоза ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бепарвоёна рафту омад карда, талаботу қоидаҳои дар давраи хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ҷоришударо риоя намекунанд.
Инчунин, ба онҳо фаҳмонида шуд, ки нисбат ба ин гуна бемориҳои сироятӣ бепарвоӣ накунанд ва худу дигаронро зери хавфу хатар нагузоранд. Азбаски дар дохили нақлиёти мусофиркашонӣ фосилаи муайяни байниҳамдигарӣ гирифта намешавад, шаҳрвандон бояд бо ниқобу дастпӯшакҳои муҳофизатӣ ва маводҳои антисептикӣ худу дигаронро аз сироятёбии бемориҳо эмин нигоҳ доранд.
Ҳамзамон, ба ронандагон ва мусофирон варақаҳои тавсиявӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус КОВИД-19 дастрас карда шуд.