Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии “Коммуналӣ” барои пешгирии бемории коронавирус кӯчаҳои маркази ноҳия бо маҳлулҳои хлордор безарар гардонида шуда, онҳо нақша доранд, ки то охири моҳ барои ҳифзи солимии ҷомеа маҳаллаҳои Сино ва Себдараро низ безарар гардонанд.