А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештарии манфиатҳои миллӣ. Икдоми навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳо бо сокинони деҳаҳои Бӯстон Сулаймонова ва Нусратулло Махсуми Ҷамоати деҳоти Иттифоқ роҳандозӣ гардид.
Дар мулоқоту вохӯриҳои усули “хона ба хона” масъулин аз рафти кори сокинон дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ шинос гардида, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро ба аҳолӣ дар самти самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ расониданд.
Инчунин, дар рафти мулоқотҳо бо сокинон атрофи масъалаҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус суҳбат гузаронида, мардумро барои риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ даъват намуданд.
Вобаста ба пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ба сокинон маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳо ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.