ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештарии манфиатҳои миллӣ. Дирӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз рӯи усули “хона ба хона” сокинони деҳаи Ҳилолии Ҷамоати деҳоти Қумсангирро даъват намуданд, ки заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии худро мақсаднок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми худро гузоранд. Ҳамчунин, дар рафти вохӯриҳо масъулин таъкид доштанд, ки худ ва наздиконашонро аз бемории сироятии коронавирус эҳтиёт намоянд.
Дар рафти вохӯриҳо маълум гардид, ки шаҳрвандон аз вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ воқиф буда, нақша доранд, маҳсулоти кишоварзиро захира намоянд. Дар раванди вохӯриҳо ба ҳар як ҳамсуҳбат варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус тақсимот гардида, вобаста ба самаранок истифодабарии замин ва кишти такрории донагиҳо дастурҳои муфид дода шуд.