БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ БЕЗАРАРГАРДОНӢ БА ХОТИРИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештарии манфиатҳои миллӣ. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  пешгирӣ  ва  паҳншавии    бемории  коронавирус  корҳои  безараргардонӣ  дар  маҳаллаҳои ноҳия  ҳамарӯза роҳандозӣ  гардида  истодаанд.     

Бо  мақсади пешгирӣ  аз  сироятёбӣ  ва хатару оқибатҳои бемории  мазкур    дар  ҳамкорӣ  бо  ихтиёриён (волонтиёрҳо) дар  деҳаи Наврӯзи  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза корҳои  безараргардонӣ  бо  усули  “хона  ба  хона”   бо  маҳлулҳои  кимёвии гипохлориди  натрий  безарар  гардонида   шуд.

Инчунин, бо  сокинон оид ба  пешгирии  сироятёбӣ  аз  бемории  коронавирус суҳбату  вохӯриҳо баргузор   гардида, таъкид менамоянд,  ки яке аз  омили  асосии  пешгирӣ  ин  безараргардонии  макони  зист  ва  риояи  қоидаҳои  бехатарии  беҳдошт, мунтазам  шустани  дастон  бо  собун ва  ё  маҳлулҳои  спиртдор, истифодаи  ниқоб  ба  шумор  меравад. Дар охир ба  сокинон  ниқобҳои  тиббӣ  ва  варақаҳои  иттилоотӣ  дастрас   карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg