ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг аз ҳолати истифодабарии заминҳои Президентии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дидан намуда, ба заминистифодабарандагон оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, мақомоти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, аз он рӯёнидани ҳосили баланд ва аз як замин рӯёнидани ду ва зиёда аз он суҳбат намуданд.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки сокинон аз заминҳои Президентӣ, хоса аз заминҳои обёришаванда самаранок истифода менамоянд.
Дар суҳбат заминистифодабаранда Анор Умарова қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар замини дар ихтиёрдоштааш аз картошка сар карда тамоми номгӯи маҳсулотро кишт намудааст, ки нашъунамои хуб доранд.
Аъзои гурӯҳ ба ӯ ва дигар заминистифодабарандагон барои обу ғизодиҳии зироатҳои киштгардида маслиҳатҳои муфид доданд.