ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо усули “хона ба хона” бо сокинони деҳаи Кӯлдара суҳбат доир намуданд.
Дар суҳбат, ки зиёда аз 98 нафар сокинон иштирок намуда, намояндагони ҳизбӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ин бемории хавфнок ва истифодаи самараноки заминро тарғиб карда, қайд намуданд, ки роҳи асосӣ ва аз ҳама осони сироят наёфтан аз ин беморӣ риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ ва бе ягон зарурат набаромадан аз хона мебошад. Ба хотире, ки сокинон пурра аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ огоҳӣ дошта бошанд, барои истифода ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ дода шуд.