БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МОРО ДИГАР КАС БА ҶОЙИ МО ҲИФЗ КАРДА НАМЕТАВОНАД

АНДЕША. Яке аз роҳҳои асосии  пешгирии бемории сироятии  коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ  риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ мебошад, ки қисме аз одамон  онро ҷиддӣ нагирифта, баръакс беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.

Набояд фаромӯш кард, ки  риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани манзилҳои истиқоматӣ  роҳи асосии  пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.  Аз ин рӯ,  вазифаи ҳар як шахс аз он иборат  аст, ки ин талаботро қатъӣ риоя намояд.

Дар шароити рӯз ба беҳуда дар кӯча гашту гузор намудани кӯдакон набояд роҳ дод. Бояд ҳар як нафар дарк намояд, ки ба кӯча  бе  ниқоби муҳофизатӣ баромадан қатъиян манъ аст.  

Дар ин рӯзҳои хонанишин, падару модарон бояд назорат  кунанд, ки фарзандонашон пайваста мутолиа намоянд, китоб хонанд, савияи дониши худро баланд бардоранд.

Бояд пас аз анҷоми ҳар кор шустани  дастон бо собун   ва ё маҳлулҳои спиртдор одати ҳаррӯза ва доимӣ бошад. Солимии мо  дар дасти худи мост. Онро ба ғайр аз мо дигар кас ба ҷойи мо риоя карда наметавонад.

Исфандиёр Саидмаҳмудов, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg