ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Боғистон Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо сокинон оид ба ҷалби бештари онҳо ба зироаткорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ суҳбат намуда, таъкид кард, ки танҳо меҳнат моро ба зиндагии шоиставу арзанда мерасонад. Бинобар ин сабаб бо мақсади таъмини оилаҳои худ бо маводи ғизоӣ, бояд мо аз заминҳои дар ихтиёрамон дошта, самаранок истифода барем.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба кишоварзон маводҳои таблиғотӣ барои истифодабарии самараноки заминҳо дастрас гардониданд.