БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми тоҷикро аз қадим бо истеъдоди баланди ҳунармандиву ҳунарофарӣ мешиносанд

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Санъати ороиши амалӣ падидаи ҷолиб ва мураккабе дар фарҳанги бисёрҷабҳаи ҳар як халқу миллат аст. Он падида гуногунпаҳлу буда, навъҳои мухталифро фаро мегирад, бо баробари пайдо шудани халқу миллатҳо ба миён омада, бо решаҳои фарҳангии куҳанаш имрӯз ҳам дар инкишоф мебошад. Санъати амалии халқӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳимми фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия манамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии ҳар як шахсро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони халкӣ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад. Дар ин самт то ҳол масьалаву муаммоҳое ҳантанд, ки аҳамияти махсусро тақозо доранд. Татбиқи дастовардҳои илмию амалӣ, идомаи анъанаҳои миллӣ, назардошти урфу одатҳо, омӯзиши таъсири равияҳои гуногуни санъат ба тарзи ороиши маснуот, вазъи тарбияи меҳнатӣ ва ҳунаромӯзии ҷавонони нерӯманди кишвар беҳбудиро мехоҳад. Дар замони мо тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷавонон бо назардошти таълими ҳунарҳои мардумӣ мавқеи назаррасро ишғол мекунад. Ҳадафи олимон баҳодиҳӣ ва таҳлили рушди ҳунармандӣ ва таъсири он, ба ҷавонон, омӯзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ бо такя ба онҳо ташаккул додани ҳунарҳои наву муосир мебошад. Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва кафшдузӣ ба рушди наққошӣ низ мусоидат кардааст. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки бостоншиносон дар Панҷакенти қадима ва дигар маҳалҳо дарёфтаанд, бозгӯи фарҳанги бою рангини гузаштагон ҳастанд. Наққошони тоҷик беҳтарин анъанаҳои ҳунармандони гузаштаро идома дода, санъати нақшофариро такмил додаанд. Нақши тоҷиконро чун дигар халқҳои Осёи Миёна ба ду гуруҳ ҷудо кардан мумкин аст: якум - нақшхои классикӣ, ки дар асрҳои миёна шакл гирифта, дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ, аз Миср, Туркия, Эрон cap карда то Ҳиндустон, Осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ паҳн шудаанд. Онҳо дар ҳар кишвар сифатҳои хоси маҳаллӣ, обу ранг ва тафсири махсус пайдо карда бошад ҳам, асоси он дар ҳама ҷо як хел аст. Ин нақшҳо мукаммал буда, аз гиреҳ - шаклхои мухталифи ҳандасавӣ, ислимӣ - расми ба шакли муайян даровардаи навдаҳо, баргу гулҳо иборат мебошанд. Нақшу нигори гуруҳи якум аз офарандагони худ - устохои наққош дониши фанҳои махсус, аз он ҷумла, илми ҳандасаро, ки дастраси ҳар кас набуд ва ба омӯхтани он солҳои дароз сарф мешуд, талаб мекард. Қисми асосии онҳоро мардон ташкил медоданд. Ин навъи нақшу нигор бештар дар биноҳои пуршукуҳ, дар кандакории рӯи филизот, дар маснуоти аълосифати заргарӣ, дар ороиши дастнависҳо, ҷузгирҳо ва дигар соҳаҳои санъати амалӣ корбаст мешуд. Нақшу нигори гуруҳи дуюм асосан анъанаҳои халқии маҳаллиро инъикос менамояд. Асоси унсурҳои ин нақшҳоро аксаран тасвири ашё ташкил медихад, ки аз сабаби сода гардидан ва хусусияти орнаменталӣ пайдо кардан дар бештари мавридҳо шакли воқеии худро гум мекунанд. Таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона, муҳити зист ва ғайра мушоҳида мешавад. Масалан, барои омӯзиши таърихи либос асарҳои санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт, шакл ва хусусияти сару либос дар ҳама давру замон фарҳанги маънавии халқ, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он ақидаву ҳодиса иишон медиҳад. Тағйири шаклу намуди ҳамаи навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақа вобаста аст. Аз ин рӯ, омӯзиши либоси миллӣ ва тағйири шаклҳои он робитаи либосро бо таърихи этникии миллӣ ошкор месозад.

Ин фарқ на танҳо дар сифати матоъ ва тарзи ороиши либос, балки маҷмуи либос зоҳир мешуд. Санъати ороиши либос бо зардузию кашидадӯзӣ, гулдузӣ куртаҳои чакани халқҳои Осиёи Миёна ҳар яке бо сабки хос инкишоф ёфгаанд. Зеро дар тули асрҳо ороиши сару либос (бештар дар кӯҳистои), ҷиҳози хона ва ашёи рӯзгор (дар водиҳо), гулбаст, аз бисоти тифл то ҷиҳози арус дар худ ва хонадон ба ҷо оварда мешуд. Омӯхтани таърихи сару либос, ҷиҳози хонаводаи миллии ҳар як халқ барои онҳое, ки бо таърих ва фарҳанги он халқ шинос шудан мехоҳанд, аз ҷумла, санъатшиносон, кормандони театр, рассомон ва намояндагони соҳаҳои дигари фарҳанг муҳим аст. Ҳунармандони тоҷик дар баробари фаъолияти пурсамар дар тарбияи шогирдони боистеъдод низ саҳм гузоштаанд. Дар тайёрии касбии ҳунармандон ва омӯзгорони оянда машғулияти санъати ороиши амалӣ нақши асосӣ доранд, зеро онҳо аз донишҷӯён хотираи биноӣ, хаёлоти рангин, маҷмуи дониш ва малакаву маҳоратро талаб мекунад. Шиносоӣ бо тадқиқоти олимони маъруф Р. Масов, Н. Нурҷонов, М. Рӯзиев ва дигарон ба хулосае меорад, ки ҳунару ҳунармандӣ дар асоси анъанахои миллӣ ташаккул ва ривоҷу равнақ ёфтаанд. Бонувони тоҷикро бо чунин ҳунарҳо: куровдӯзӣ, чакандӯзӣ дар матоъ, қаламзанӣ дар матоъ, бофтани ҷуробу куртаҳо дастурхону ҷойнамоз ва дигар намунаҳои ҳунарҳои дастӣ дидан мумкии аст. Ҳунари кандакорону чӯбтарошонро дар сохтани табақу коса, кат, барои нишаст, сутунҳои зебо, маснуоти армуғонӣ, гаҳвораҳо мушоҳида мекунем. Таомҳои миллии халқи тоҷик – оши палов, шурбо, шируған, ширкаду, ширбиринҷ, кочӣ, оталаи бурида, оталаи туппа, фатирмаска, қурутоб, шакароб, далда, суманак, қайлабат, ширбат қандотала ва ғайра.                             

Устоҳое, ки ба чӯбтарошӣ машғуланд, барои ҳунармандон дойра, дутор, асбоби нафасӣ (най), ғижжак, барои кӯдакони навзод гаҳвора, чизҳои рӯзгор аз қабили оштахта, мухпар, табақ, кафлез, қошуқ, сабад, дару тирезаҳо барои хона, инчунин дастаи белу кедман, табар, дост вағайра омода мекунанд.

Эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ аз як тараф истеъдоди баланди тоҷиконаро ба ҷаҳониён муарифӣ намояд, аз тарафи дигар маблағе, ки ба буҷаи оила дохил мешавад барои пешрафти ҳар як оилаи тоҷик кумак мерасонад.

Фирӯзҷон Арабов, узви ТҶҶ “Созандагони Ватан”, шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg