МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи Чилдухтарони Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор намуданд.
Дар баргузории чорабинии ҳизбӣ бо дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шарифзода Лутфия ва Азимов Маъруф 100 дона ниқоб, 55 адад варақаҳои иттилоотӣ, 50 адад маводҳои гуногуни тиббӣ ба сокинон дастрас карда шуд. Инчунин, дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин иштирок ва суханронӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки заминҳои дар ихтиёрашондоштаро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми худро гузоранд.