БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАҲОНРО ХУРРАМӢ АЗ ДЕҲҚОН АСТ...

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз кормандони Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҳизб  бо сокинони деҳаи Роҳи нав оид ба самаранок истифода намудани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Бояд қайд намуд, ки деҳқонони заҳматкаши ноҳияи Қубодиёни бостонӣ аз қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии худ ҳосили якумро, аз қабили картошкаву пиёз ва қулфинай барин маҳсулотҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба кишти такрорӣӣ оғоз бахшиданд. Бо ин мақсад  намояндагони ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” аз рафти кишту кори сокинон аз наздик дидан карда,  ба онҳо ҷиҳати  татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  як қатор  тавсияҳои судмандро пешниҳод намуданд. Дар баробари ин оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 суҳбат суҳбат ороста, ба сокинон  варақаҳои иттилоотиро дастрас карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg