ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Президентӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар маҳаллаи ба номи Садриддини Айнии ноҳияи Дӯстӣ чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” доир гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок дошта, аз суханрониҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд, ёдовар шуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ба фоидаи ҳар як сокини кишвар буда, моро лозим аст, аз ҳар вақта дида ба меҳнати софдилона машғул шавем, то ин ки зиндагии худ ва бозорҳои истеъмолиро бо сабзавоту меваҷоти тару тозаи хуштаъм таъмин созем ва буҷаи оилаи худро ғанӣ гардонем.
Архивӣ Моҳона
- Июн 2020 (711)
- Май 2020 (582)
- Апрел 2020 (436)
- Март 2020 (204)
- Феврал 2020 (1058)
- Январ 2020 (725)
- Декабр 2019 (351)
- ноябр 2019 (452)
- Октябр 2019 (540)
- Сентябр 2019 (487)