ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар боғи фарҳангиву фароғатии маркази ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ва тозагии атрофи бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид. Дар корҳои ободонӣ иштирокдорон бо истифода аз фазои орому осуда, сулҳу суботи кишвар бо руҳияи баланди ватандӯстона дар тозаву озода кардани гирду атрофи боғи фарҳангӣ камари ҳиммат баста, саҳми арзандаи худро гузоштанд. Дар оянда низ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ чунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар санаҳои муҳими таърихии дарпешистода роҳандозӣ карда мешавад.