ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятии COVID-19 дар деҳаи Чорсада 2-и Ҷамоати деҳоти Лолазор суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар он масъулин ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизаткунанда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳаллаҳои серодам гаштугузор мекарданд, бо тариқи ройгон ниқобҳо тақсим карда, маводҳои пешгирикунандаи тавсиявӣ ва варақаҳои тарзи самаранок истифодабарии замин аз ҷониби масъулин расонида шуд.