БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИАМОНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи  Бӯрӣ Ҳакими Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, ки имрӯзҳо ба яке аз мушкилоти асосии сайёра табдил ёфтааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимнан масъулин дар ҳудуди маӽалла корҳои тарғиботиро бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси навъи COVID-19, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, инчунин саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҳамагон баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg