ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида дар деҳаи Ибрати Ҷамоати деҳоти Тугарак вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ узви ҲХДТ, раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва деҳқонону хоҷагидорон иштирок ва андешаронӣ карданд.
Дар рафти суҳбат Шарбатулло Азизулло бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар ихтиёрашон бударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ҳаматарафа фаҳмонда, ба деҳқонон тавсия дод, ки заминҳои худро самаранок истифода бурда, зиндагии худро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин созанд. Инчунин, масъулин дар бораи бемории сироятиии коронавирус, ки имрӯзхо тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст ҳарф зада, афзуданд, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ бояд қоидаҳои беҳдоштии тавсияшудаи Вазорати тандурустӣ қатъиян риоя карда шаванд.