БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории короновирус ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон бо усули "хона ба хона" баргузор намуда истодаанд.
Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Дулонамайдон”-и Ҷамоати деҳоти Балҷувон доир гардида, сокинонро барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва тарзу усулҳои гуногуне, ки Вазорати тандурустӣ ва тибби умумиҷаҳонӣ оид ба пешгирии бемории короновирус қабул намудааст, ба сокинон тавсия дода, зикр карданд, ки барои пешгирии хуруҷи дубораи он мо сокинони мамлакатро зарур аст дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор
қатъии гигиенаи шахсӣ, нигоҳ доштани фосилаи байни якдигар ва бе зарурат аз хона набаромадан ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ кам ташриф овардан яке аз роҳҳои пешгирии хуруҷи дубораи бемории сироятӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунин, дар идомаи сухбат оид ба самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин таъкид карда шуд, ки сокинонро зарур аст, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, аз фоидаи ба дастоварда барои беҳбудии зиндагии хеш чораҳои заруриро андешанд.