ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг корҳои фаҳмонидадиҳиро ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаю маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Ховалинг хуб ба роҳ монда, бо сокинон вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ суҳбат ороста, ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.
Пас аз суҳбат масъулин аз рафти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинон, ки дар он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишт карда шудааст, дидан карда, барои меҳнати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки сокинон талош доранд, бо коркарди ҳар порча замини дар ихтиёрдоштаашон дар ғанӣ гардонидани буҷаи оилаи худ саҳм гузоранд.