ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Боғистони Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо сокинон оид ба риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус суханронӣ карда, қайд намуданд, ки солимии ҳар яки мо аз риояи гигиенаи шахсӣ вобаста аст.
Сипас, баҳри пешгирии бемории сирояитӣ маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.