![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20200602_100016.jpg?itok=9EsztbXr)
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус ва бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули «хона ба хона» гардиш доир карда, бо аҳолӣ дар бораи масъалаҳои болозикр суҳбат намуданд. Пас аз анҷоми суҳбат масъулин ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои тавсиявиро дастрас карданд.