ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” миёни сокинони ташкилоти ибтидоии “Обшорон” бо иштироки гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни мулоқот ба сокинон ниқобҳои тиббӣ, муроҷиатнома ва маҳлулҳои антисептикиро дастрас карда, таъкид намуданд, ки риояи қоидаҳои санитарӣ ҳатмӣ мебошад. Чунки агар мо ин қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоем ҳар чи зудтар метавонем аз ин бемории хавфнок раҳоӣ ёбем. Инчунин, дар бораи кишти зироатҳои кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва бардоштани ҳосили дилхоҳ ба сокинон як қатор тавсияҳои судманд дода шуд.