ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаҳои ба номи Нусратулло Махсум ва Истиқлоли назди маҳаллаи Обшорон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбороти расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни мардум доир намуданд.
Масъулини ҳизби дар суҳбат иброз доштанд, ки бисёр мамлакатҳои дунё дар мубориза бо ин беморӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандони худ аз хавфи он оҷизанд ва роҳи ягонаи пешгирии онро танҳо дар пурра иҷро намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ медонанд. Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки чораҳои пешгирии ин бемории воқеан хавфнокро қатъиян иоя кунанд ва бо ин роҳ худу атрофиёни худро эмин нигоҳ доранд. Дар баробари гузаронидани чорабинии оммафаҳмонӣ барои бӣештар маълумот пайдо кардани сокинон аз ин бемории хатарнок варақаҳои иттилоотиро дастрас карда, таъкид намуданд, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Аз ин хотир ҳар яки моро мебояд бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ солимии худ ва дигаронро ҳифз намоем.
.