БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳазар аз гуруҳҳои ифротӣ!

ВОКУНИШ. Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Аз ин ду вожаи муқаддас оромию фараҳ ва шодию нишот дар дили аҳли ҷомеа мефизояд. Вале гоҳҳо каме сабукандешӣ ва бепарвоӣ, метавонад сулҳи пойдор ва оромии сокинонро ба ҳам бизанад. Аз ин лиҳоз месазад, ки мову шумо аз мафкураи худ истифода намуда аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дур бошем. Тераризм ва экстримизм бо ҳамлаи даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Чун мо имрӯзҳо дар замони муоссир ва рушди техникаву техналогия зиндагӣ дорем, ҳатто амалгарони ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тафриқаву амалҳои нопоки худро дар қалбҳои гуногун “таблиғ”- намуда ҷомеаро ваҳшоният даъват менамоянд. Агар мо дақиқтар ба амалҳои гуруҳҳои ифротӣ назар афканем мебинем, ки доираи фаъолияти террористию ифротгароӣ шаклу қолабҳои нав пайдо намудааст. Амалгардони ҳаракатҳои экстримистию террористӣ бо таъсис додани анҷумани  “Озодандешон”- дар кишварҳои хориҷ, дар фикранд, ки дастпарваронашон доиман дар шакли шахшудан боқӣ намонад ва онҳо бо ҳамаи он аҳдофе, ки дар анҷумани худ  доранд дар талоши нооромии вазъи минтақаҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои Исломиянд. Ҳамаи он баёнияҳое, ки анҷумани  “Озодандешон”-дар “Ойиннома”-и худ ба фаслҳо ва моддаҳои гуногун ҷудо намудааст, беасосанд. Онҳо ба ин васила мағзи сари ҳазорон сокинонро, ки ғофил аз андешаҳои солими инсониянд, заҳролуд сохта, мехоҳанд ононро дар руҳияи пайравӣ ба ифротгароӣ тарбия намуда сафу шумораи ифротиёнашонро зиёд намоянд.

Дар чунин ҳолати басо мушкил танҳо ва танҳо ақли солим ва мафкураи баланду, комили инсонӣ метавонад ба ақидаи пурғаразу нопоки онон ғолиб ояд, то ин кӣ фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ нагарданд. Анҷумани ба ном “Озодандешон”- бояд қайд кард, ки яке аз шохаҳои гуруҳи ифротӣ буда он набояд таъсис ва пурзӯр гардад. Таъсиси чунин анҷумани хавфнок, хатари бузургест ба оромии вазъи сокинони кишвар. Моро зарур аст, ки фирефтаи гуфтаҳои хоинон нагашта ба таъсисдиҳандагону ҷонибдорони он вокуниш нишон дода, дар бунёди ҷомеаи демократии хеш, ки ҳадаф танҳо ва танҳо сулҳи пойдор ва оромию нишот аст, саҳмгузор бошем. Мо дар якҷоягӣ, ҳамдилона метавонем бо дасту дили пок, ақли солим, гуфтори оқилона ва рафтори накӯ муқовимат намуда хатари паҳншавии онро аз ҷомеа бартараф намоем.

Садиров Кароматулло, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg