БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Ман ба қудрати созандаи халқи азизам итминони комил дорам!

ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани Соли тақвияти робита бо маҳал ва баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Ҷамолиддин Қаюмов дар назди сокинон  самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллатро  мавриди баррасӣ қарор дода, инчунин оид ба фаъолияти хатарзои терроризму экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои дар ҷумҳурӣ мамнӯъ, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва саривақт пардохт намудани маблағи он,  риояи талаботи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуд.

Дар вохӯрӣ  аъзои ҲХДТ Р. Азимов, Ҷ. Абдураҳимов баромад намуда, барои таблиғу ташвиқи сиёсати дохилию хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар деҳа бо номи Гулзор ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шавад.

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби масъулин ва иштирокчиёни ҷамъомад бо қаноатмандӣ пазируфта шуда,  ташкилоти ибтидоӣ бо номи “Гулзор” таъсис дода шуда, сокини маҳалла С.Халифаев раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  интихоб гардид.

Дар охир  чанде аз  сокинони маҳалла, ки барои пайвастан ба сафи  аъзои ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, онҳо дар вазъияти  тантанавӣ соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg