ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, безарурат аз хона набаромадан, риояи масофаи байни одамон, масъулияти бештар доштан дар тарбияи фарзандон, ба варзиш ва китобхонӣ ҷалб кардани онҳо аз мавзӯҳое мебошанд, ки аъзои гурӯҳи волонтёрони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни баргузории Аксияи таблиғотӣ таҳти унвони «Ҳаёти худу дигаронро ҳизф намо!» ва тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус бо мардум дар суҳбат дастрас карда мешаванд.