БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАСОНИДАНИ МАВОДҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БА МАРДУМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус ва ҳамчунин самаранок истифода бурдани заминҳои бекорхобидаи наздиҳавлигӣ, заминҳои бекорхобидаи Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Гулбоғи шаҳри Кӯлоб корҳои таблиғотиву ташвиқотиро зимни Аксияи ҳизбӣ бо усули "хона ба хона" миёни аҳолӣ роҳандозӣ намуданд.

Зимни  вохӯриҳо масъулин вобаста ба истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус таъкид намуданд, ки имрӯзҳо моро мебояд дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст аз ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда, то ки буҷаи оиларо ғанӣ гардонда, баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳи зиндагӣ ва захира барои солҳои оянда маслиҳатҳои муфид дода шуд. Ҳамзамон, зимни аксия ба мардуми ин деҳа варақаҳои таблиғотиву ташвиқотӣ 68 адад, ниқобҳои муҳофизатӣ 400 адад тақсим ва дастрасӣ мардум гардонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg