БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙВАСТА МАРДУМРО АЗ ХАТАРИ КОРОНАВИРУС ОГОҲ МЕСОЗЕМ

КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат - бақои давлат” Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар баробари бурдани корҳои тарғиботӣ бо мақсади риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар хонаҳои истиқоматӣ миёни мардум варақаҳо ва маводҳои муҳофизатиро тақсим карда истодаанд.

Аксияи мазкур дар маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб доир гардида, ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ хотиррасон намуданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, ашёҳои зуд-зуд истифодабарандаро дезинфексия намоянд, аз ҷойҳои серодам худро канора гирифта, ниқобҳои муҳофизатиро истифода баранд. Зимни баргузории аксия беш аз 350 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 450 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ба аҳолӣ дастрас гардид.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg