КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувории ҷаҳони муосир дар шароити афзоиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба истифода даровардани заминҳои бекорхобида дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Хоҷаисоқ корҳои амалӣ роҳандозӣ гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза аз рафти корҳои кишоварзони ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин, кормандони масъули ҳизбӣ аз рафти кори шаҳрвандон дар заминҳои наздиҳавлигӣ дидан карда, ба онҳо ба таври мунтазам варақаҳои иттилоотӣ дастрас карданд.