АНДЕША. Боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон яке аз чорабинии муҳимми сиёсӣ – ҷашни Ваҳдати бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Зеро маҳз дар ин рӯз мардуми сарбаланди тоҷик Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромиро ба даст овардаанд. Таҷлили рӯзи Ваҳдат миллӣ чун як санаи сарнавишти миллату давлат, сабақи таърихиест, ки наслҳои имрӯзу фардо дар кулвори зеҳну тафаккури худ бояд ҳифз кунаду аз он пуштибонӣ намоянд.
Имрӯз замзамаи Ваҳдат дар қалбу руҳу ҷонҳо бо оҳанги савганди вафодорӣ ба Ватан садо медиҳад. Ин ҳадяи таърих ва тақдир буд, ки миллатро аз хатари нестӣ эмин дошт ва имрӯз раҳнамоест, сулҳи созандагиҳою шукуфтанҳо. Аммо Ваҳдати миллӣ, ин дастоварди хуҷастаро барои миллати мо ба осонӣ ба даст надодааст бо ивази ҷони ҳазорон ҷавонмардони бонангу номуси миллат, ки ҷони худро аз даст доданд, то мо ба ин рӯз бирасем.
Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-сол сипарӣ мешавад. Чи хеле, ки Сарвари давлат гуфта буд: "Ҷашни Ваҳдат пайғоми оштии ҷовидонаи миллати мо барои садсолаҳои минбаъда ва наслҳои оянда хоҳад шуд".
Бале, аз баракати Ваҳдат тоҷикон ба унвони яке аз падидаҳои сиёсати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ва маҳсули камназири давлатдории миллии мо эътироф гардидааст, муҳимтарин дастоварди халқи тоҷик дар оғози ҳазорсолаи нав ба ҳисоб меравад. Таъмини сулҳу субот ва амният дар мамлакат имкон дод, ки пояҳои давлату давлатдории миллии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ паси сар шавад.
Дар ёд дорем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ваҳдату дӯстии мо тоҷикон чи тавр халалдор гардид ва ҳатто миёни бародарон мухолифатҳои мусаллаҳона сурат гирифт. Вале, хушбахтона, дар натиҷа заҳматҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва Ваҳдати миллӣ пойдевори устувори худро гузошт.
Албатта вақте, ки мо хурду бузург нисбати ваҳдат сухан меронем чи қадар калимаи зебо, ширин гуворо бо лаҳни шево садо дода мешавад. Зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландиву фирӯзӣ, сериву пурии халқи мо марбут ба он аст. Ваҳдат ин раҳнамоӣ мо, сипари мо, умеди ягонаи пирӯзиву хушбахтии мост ба шарти он, ки арзиши он қимати онро ҳар яки мо ба хубӣ дарк кунем.
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ба тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин, қиматарин неъмати бебаҳо, рукни давлатдории озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо хуб медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин ба сари қудрат омаданашон ба мардуми заҳматкашидаи худ ваъда доданд, ки кишварро ба сулҳу салоҳ меорад.
Ҳамаи ин заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аввалин сухане, ки назди мардум гуфта буданд, ин аст, ки “Ман то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором буда наметавонам”. Воқеан, ҳам Сарвари давлат барои пойдории сулҳу ваҳдат кӯшиш ба харҷ доданд ва мардумро сарҷамъ намуданду ба ҳам оварданд, ки ин кори осон набуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилиҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як муддати кӯтоҳ мардуми парешонгашта ва раҳмгумзадаро ба Ватан баргардонад.
Имрӯз мо хушбахтарин инсон ҳастем, ки аз чунин меваҳои ширини ваҳдат мечашем ва зиндагонӣ менамоем. Воқеан, ҳам ободӣ ва зебоии шаҳрамон нишона ва рамзи бебаҳои ваҳдати миллат, баёнгари файзу баракати соҳибистиқлолии кишвар аст. Ҳамчунин тинҷиву амонӣ дар мамлакат, хонаи обод ва осоиштагии ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ намунаи рушду пешрафти мамлакат ва саъю талошҳои Сарвари кишварамон мебошад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун тақозои замон, ҳамчун зарурати таърихӣ барои инсоният ба вуҷуд омадааст. Инак, баъд аз асрҳо ба вуқӯъ пайвастани Ваҳдати миллӣ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷик на танҳо як намунаи амалӣ шудани ормонҳои бузургони гузаштагон аст, балки боз гувоҳи он аст, миллати куҳанбунёду хирадпешаи тоҷик бо сарварии Пешвои хирадманди худ таҷрибаи нави сулҳу ваҳдатро эҷод ва амалӣ намуданд.
Бояд иқрор шуд, ки Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки тамоми соҳаҳои мамлакат аз ҷумла, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсату фарҳанг рушд намояд. Дар робита ба Ваҳдати миллӣ барои мо ҷавонон шароит фароҳам оварда шуд, ки дар тамоми соҳаҳои мамлакат кору фаъолият намуда, мавқеи ҷавонон дар ҷомеа баланд гардид. Дар ин замина мо ҷавонон муввазаф ҳастем, ки ҳамаи ин дастовардҳои бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллиро ҳифз ва ҳимоя намоем.
Танҳо дар шароити пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дилхоҳ давлат метавонад ба таври устуворона рушд намояд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз дар чунин шароит ба таври босубот метавонад пешрафт кунад. Аз ин нуқтаи назар бармеояд, ки барои ҳар як давлату миллат ваҳдату ягонагӣ ва тинҷиву осоиштагӣ муҳим ва зарур мебошад. Пас дар ин миён зарур мешуморам, ки ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем. Барои ҳаматарафа рушд намудани ин Ватани биҳиштосоямон, ки номаш Тоҷикистон аст тамоми қувваю неруи созандаи худро равона созем ва дар ободии он саҳми худро гузорем.
Ҳамдилӣ, ҳамбастагиву ҳамсадои Ваҳдат аст,
Меҳрубонӣ, ғамгусорӣ, ошнои Ваҳдат аст.
Мунаввараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб