БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИСБАТ БА ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бонангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Ватан-Модари худ содиқона хизмат мекунанд”.

                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Агар ба даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст.
Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубора субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шӯълаафшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ бо дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз гирифтанд. Дар зарфи 28-соли Истиқлолияти давлатӣ мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфтем. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар раванди ҷаҳонишавии муносибатҳо бошад, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созад.

Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро  гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд.

Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.

Бояд қайд намуд, ки зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санаи 22.12.2017 ёдрас шуданд, ки “Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон намудем. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид”.

Ҳамзамон, дар Паём муҳим арзёбӣ шуд, ки “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”.

Чунин таваҷҷуҳи пайваста ва як соли тақвимиро бахшидан барои ҷавонон, ки таърих ягон давлату давлатдорӣ чунин иқдомро ёд надорад, бори дигар далели пуштибонӣ ва дастгириҳои муҳиму саривақтии Сарвари дилсӯзу ғамхор нисбат ба ҷавонони кишвар мебошад.

Халқи тоҷик аз шумори он милатҳоест, барои ҳимояи марзу буми хеш ҷони худро дареғ намедорад, тасдиқи ин гуфтаҳо қаҳрамониҳои Спитамен, Восеъ, Темурмалик, Деваштиҷ ва дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳоро қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти милли ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дошт.

Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд: “Ояндаи ҳар  як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кумаку дастгирии Пешвои миллат дар шаҳри Кӯлоб садҳо сохтмонҳои бонуфузе, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миёна, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шудаанд.

Мо ҷавонон - “Созандагони Ватан” дар навбати худ ифтихор аз он мекунем, ки дар роҳи созандагӣ ва тамаддунофарӣ пайраву дастёри Пешвои миллат ҳастем ва мекӯшем ба ин бовариву эътимоди бузурге, ки нисбати мо доранд, сазовор бошем. Зинда бод ҷавони ва ҷавонон!

Зулфов Муҳаммадҷон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg