БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотӣ дар шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус дар маҳаллаи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ доир намуда, сокинонро аз  хавфу хатари ин беморӣ огоҳ карданд. Муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста бо аъзои гурӯҳи корӣ ҳамсуҳбат шуда, аъзои гурӯҳро барои ба иттилои мардум расонидани маълумоти дурусту сареъ дар бораи ҳолати воқеӣ вобаста ба коронавирус дар ҷумҳурӣ даъват кард.

Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ таъкид карда шуд, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ натанҳои табибон мубориза бояд баранд, балки ҳар як шахс метавонад, нақши худро дар мубориза бо ин беморӣ гузорад. Саҳми ҳар яки мо дар муқовимат аз он иборат аст, ки талаботи қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда, ба маслиҳатҳои мутахассисон амал намоем. Мо набояд ба ҳаргуна овозаву хабарҳои бардурӯғ, ки имрӯз бадхоҳони миллат тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда истодаанд, бовар кунем ва ба зарари худу хонаводаи худ кору амал намоем.

Сипас, аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ ба сокинон  ба тариқи ройгон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба коронавирус тақисм карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg