БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Таи чанд вақт мешавад, ки тамоми таваҷҷуҳи сокинони кишвар аз ҷумла, сокинони вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон равон карда шудааст. Зеро дар натиҷаи омадани сел ва ярч рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар деҳаҳои Хуросон, 18-ум Анҷумани ҳизб ва Неъматулло Асадулло зарари ҷиддӣ расонида буд. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Ҳукумати кившар тамоми чораҳоро андешида, ҳамарӯза корҳои амалиро ба анҷом расонида истодааст. Дар баробари ин ташкилоту муассисаҳои мамлакат ба мардуми зарардида дасти кумак дароз намуда, ба онҳо кумак мерасонанд. Бо ин мақсад дирӯз гурӯҳи волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХД дар шаҳр Асадуллозода Ватан ба зарардидагон аз офатҳои таббиӣ барои саҳм гузоштан дар сохтмони хонаҳои истиқоматии зарардидагон сафарбар карда шуданд. Гурӯҳи волонтёрон дар ин рӯз дар корҳои сохтмонии сокинон, бартарф намудани хисороти расида ва дигар корҳо ёрӣ расониданд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи навбунёди ноҳияи Хуросон бо маром идома дошта, шумораи зиёди ихтиёриён, ҷавонон, ҳизбиён, сокинони деҳоти атроф, сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои ба сокинони маҳаллӣ расонидани ёрӣ дар корҳои сохтмонӣ сафарбар карда шудаанд.
Дар назар аст, ки дар оянда низ волонтёрони ҳизбӣ низ ба мавзеи мазкур сафарбар карда хоҳанд шуд.