БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕАИ СОЛИМ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ АСТ!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус пайваста миёни сокинон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида, баҳри амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи ҳизб тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Хуррамдеҳ”-и Ҷамоати деҳоти  ба номи  Сафар Амиршоев  сурат гирифт.

Лозим ба ёдоварист, ки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф зимни суҳбат оид ба пешгирии бемории  навъи COVID – 19, самаранок истифода намудани замин ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳар яки моро зарур аст, ба оддитарин қоидаҳои гигиенӣ риоя намуда, баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ  аз тамоми чораҳои зарурӣ ба таври васеъ истифода намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg