БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зисти вилоят” бо мақсади ҷоннок намудани солимгардонии муҳити зист чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза алайҳи сироятёбӣ аз коронавируси нави СОVID-19 дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бохтар корҳои безараргардониву дезинфексионӣ анҷом дода шуд. Дар корҳои безараргардонии мазкур 5 адад мошинҳои Хадамоти отанишонии шаҳри Бохтар, ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф”, “Фаровон Қӯрғонтеппа” ва “Хоҷагии коммуналию манзилӣ”-и шаҳри Бохтар иштирок намуда, дар хиёбонҳои Ваҳдат, С. Айнӣ, кӯчаҳои Борбад, Н. Ҳувайдуллоев, Кайҳоннавардон, С. Мирзоев, Дӯстии халқҳо маҳлули хлордор пошида шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, чорабинии мазкур ба хотири солимгардонии муҳити зист, муқовиммат бо коронавирус буда, дар доираи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист роҳандозӣ гардидааст.
Инчунин, ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зисти вилоят” ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус 500 адад варақаҳои таблиғотӣ, 500 дона дастпӯшакҳои тиббӣ, 500 дона ниқобҳои тиббӣ ва 500 адад маҳлулҳои антисептикӣ ба таври ройгон дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаев, “70-солагии водии Вахш”, назди бозори “Фаровон Қӯрғонтеппа” ва истгоҳҳои шаҳри Бохтар ба шаҳрвандон дастрас карда шуд.