БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН МЕБОШАД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шаҳри Норак сокинон ҳар порча заминро самаранок истифода намуда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон пайваста кӯшиш менамоянд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони кӯчаҳои ба номи Абдулло Нарзулло, Гулистон ва Навободи маҳаллаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули сангин дидан карда,  фаъолияти кишоварзии онҳоро хуб арзёбӣ намуданд. Зимни боздид сокинон иброз доштанд, ки пайваста талош меварзанд, то ки ҳар порча замини худро самаранок истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст оранд.

Ҳамзамон дар рафти суҳбат аз ҷониби масъулин  қайд гардид, ки истифодаи самараноки замин манфиатовар буда, барои ғанӣ гардонидани буҷаи оила таъсири мусбат мерасонад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg